Баррасии нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳияи Кодекси нави андоз

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба таҳияи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳияи Кодекси нави андоз ва масоили тадорукотӣ баррасӣ шуданд. Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа ба […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба таҳияи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳияи Кодекси нави андоз ва масоили тадорукотӣ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа ба як қатор бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва мӯҳлати иҷрои он аз ҷониби аъзои комиссия пешниҳоду тавсияҳо шуда, бо назардошти пешниҳод, тағйирот ва иловаҳо, нақшаи кори комиссяи тасдиқ карда шуд. «Раиси комиссия, вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов аъзои комиссияро бо ӯҳдадориҳояшон ошно сохта, таҳияи Кодекси нави андозро барои рушди кишвар муҳим арзёбӣ намуд», – гуфтанд дар вазорат.

Вазири молия аз аъзои комиссия даъват кард, ки дар ҷараёни кор ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари вазифаҳои гузошташуда бо истифода аз суроғаҳои электронӣ ва сомонаҳои вазорату идораҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки чорабиниҳо хушсифат ва саривақт ба иҷро расанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.