Маорифчиён ба Китобхонаи миллӣ 1 млн. нусха китоб тақдим мекунанд

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба Хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад, 1 млн. нусха китоб тақдим мекунанд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи кишвар Ноилшо Нуралиев хабар дод, имрӯз 350 ҳазор нусхаи нашрияҳои арзишманде, ки бо ташаббуси […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба Хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад, 1 млн. нусха китоб тақдим мекунанд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи кишвар Ноилшо Нуралиев хабар дод, имрӯз 350 ҳазор нусхаи нашрияҳои арзишманде, ки бо ташаббуси кормандони соҳаи маориф аз тамоми манотиқи кишвар ҷамъоварӣ шудаанд, дар маросими тантанавӣ ба Китобхонаи миллӣ супурда хоҳанд шуд. Танҳо бевосита аз ҷониби Вазорати маориф ба хазинаи асосии нигаҳдории китобҳои ҷумҳурӣ 10 ҳазор нусха китобҳои гуногун тақдим карда шуданд.

«Ғайр аз ин, кормандони бахши маориф ҳамчун тӯҳфа барои китобхонаи миллӣ аксу тасвирҳо, асбоби ороишоту санъати ҳунармандиро низ хоҳанд супурд», – гуфт Нуралиев.

Ба қавли номбурда, кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ тасмим гирифтаанд, ки ин ташаббусро то аввали моҳи сентябр идома диҳанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд