Бедарак шудани тоҷир ва бонкдори маъруф дар Кӯлоб

Date:

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — Тибқи баъзе маълумот, дар Кӯлоб соҳибкор ва бонкдори маъруф, роҳбари филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамов ба ҳабс гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ӯ аз ҷониби кормандони хадамоти амният боздошт шуда, яқинан ба иттиҳоми ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешавад.

Хешовандони Рустамов гуфтаанд, аз макони буду боши ӯ хабар надоранд. Бародари ӯ Нурулло Рустамов изҳор доштааст, ки рӯзи 1-уми июл Сафармадро дар манзили зисташ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошта, ба Душанбе фиристодаанд ва то имрӯз телефони дастиаш хомӯш аст.

Зумрае сабаби боздошти Сафармад Рустамовро ба ҳодисаҳои бетартибиҳои оммавии рухдода аз ҷониби мухлисони дастаи футболи «Равшан» марбут медонанд, гӯё «Сафармад ин мухлисони ашаддиро маблағгузорӣ мекардааст».

Акрам Ҳусейнов, муовини раиси дастаи «Равшан», ин далелро рад намуда, гуфтааст, Рустамов ба даста ҳеҷ муносибате надошт ва «аз мухлисон ҳам дар ин бора чизе нашунидааст».

Муовини додситони шаҳри Кӯлоб Озар Исоев дар робита ба ин фарзия изҳор доштааст, ки миёни 16 нафар боздоштшудагон ба далели даст доштан дар бетартибиҳои оммавӣ ному насаби Сафармад Рустамов зикр наёфтааст ва онҳо дар бораи макони буду боши соҳибкор ҳеҷ огаҳие надоранд.

Тайи солҳои ахир Сафармад Рустамов ба филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод роҳбарӣ мекард. Ӯро яке аз наздикони роҳбари «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода мешуморанд.

Сафармад Рустамов последние несколько лет возглавляет офис «Ориёнбанка» в Муминабаде. Его считают приближенным Хасана Асадуллозода, главы «Ориенбанка». 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...