Р. Зойиров: Боздошти Усмонов хусусияти фармоишӣ ва сиёсиву таблиғотӣ дорад

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Пешвои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов хусусияти фармоишӣ ва сиёсиву таблиғотӣ дорад. Ба ақидаи ӯ, ин боздошт мутлақо ба таври ғайрикасбӣ ва беасос сурат гирифтааст. «Изҳороти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бобати боздошти хабарнигор бозгӯи он аст, ки ин мақомот […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Пешвои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов хусусияти фармоишӣ ва сиёсиву таблиғотӣ дорад.

Ба ақидаи ӯ, ин боздошт мутлақо ба таври ғайрикасбӣ ва беасос сурат гирифтааст. «Изҳороти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бобати боздошти хабарнигор бозгӯи он аст, ки ин мақомот ва шахсони мансабдори он аз вазъи имрӯза огаҳӣ надоранду ҳам аз ҷиҳати касбӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳуқуқиву сиёсӣ корозмуд нестанд. Кумита бошад, ба ташкилоти таблиғотӣ-идеологии аслан шахсони бесалоҳият табдил ёфтааст, – мегӯяд ӯ. – Далели пас аз 6 рӯз бо ҳимоягар (он ҳам дар ҳузури кормандони КДАМ) ва баъди 8 рӯз бо аҳли оилааш вохӯрдани Усмонов ифодагари поймол намудани ҳуқуқҳои ӯ буда, бозгӯи шитобкории кормандони КДАМ аст, ки ба коршиносон ва афроди ҳушманд хандаовар менамояд. Дар натиҷа кормандони КДАМ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи дар назадашон гузошта баромад натавонистанд».

Р.Зойиров мегӯяд, баҳодиҳӣ ба ҳама гуна ҷиноят ду паҳлӯ дорад – сарҳад гузоштан миёни амали ҷиноётӣ ё ғайри он ва муайян кардани ҷиноят. «Дар қазияи Усмонов кормандони КДАМ паҳлӯи аввалро таҳлил накарда, дар бораи ҷанбаи дуввум садо баланд карданд, ки ин комилан бесалоҳиятӣ аст», – иброз дош ӯ.

Роҳбари ҲСДТ чунин мешуморад, ки чунин тарз сурат гирифтани кор қафомонӣ аз тамоиили ҷаҳонии танзими ҷиноӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро аён месозад. Р.Зойиров афзуд, Тоҷикистонро мебояд ба пеш ҳаракат намуд, то ки ба журналистон ва дигар намояндагони касбу кор озодии афкору амалро баҳри иҷрои вазифаашон дар назди ҷомеа таъмин созад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.