Бедарак шудани тоҷир ва бонкдори маъруф дар Кӯлоб

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — Тибқи баъзе маълумот, дар Кӯлоб соҳибкор ва бонкдори маъруф, роҳбари филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамов ба ҳабс гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ӯ аз ҷониби кормандони хадамоти амният боздошт шуда, яқинан ба иттиҳоми ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешавад. Хешовандони Рустамов гуфтаанд, аз макони буду боши ӯ хабар […]

Asia-Plus

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — Тибқи баъзе маълумот, дар Кӯлоб соҳибкор ва бонкдори маъруф, роҳбари филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамов ба ҳабс гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ӯ аз ҷониби кормандони хадамоти амният боздошт шуда, яқинан ба иттиҳоми ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешавад.

Хешовандони Рустамов гуфтаанд, аз макони буду боши ӯ хабар надоранд. Бародари ӯ Нурулло Рустамов изҳор доштааст, ки рӯзи 1-уми июл Сафармадро дар манзили зисташ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошта, ба Душанбе фиристодаанд ва то имрӯз телефони дастиаш хомӯш аст.

Зумрае сабаби боздошти Сафармад Рустамовро ба ҳодисаҳои бетартибиҳои оммавии рухдода аз ҷониби мухлисони дастаи футболи «Равшан» марбут медонанд, гӯё «Сафармад ин мухлисони ашаддиро маблағгузорӣ мекардааст».

Акрам Ҳусейнов, муовини раиси дастаи «Равшан», ин далелро рад намуда, гуфтааст, Рустамов ба даста ҳеҷ муносибате надошт ва «аз мухлисон ҳам дар ин бора чизе нашунидааст».

Муовини додситони шаҳри Кӯлоб Озар Исоев дар робита ба ин фарзия изҳор доштааст, ки миёни 16 нафар боздоштшудагон ба далели даст доштан дар бетартибиҳои оммавӣ ному насаби Сафармад Рустамов зикр наёфтааст ва онҳо дар бораи макони буду боши соҳибкор ҳеҷ огаҳие надоранд.

Тайи солҳои ахир Сафармад Рустамов ба филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод роҳбарӣ мекард. Ӯро яке аз наздикони роҳбари «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода мешуморанд.

Сафармад Рустамов последние несколько лет возглавляет офис «Ориёнбанка» в Муминабаде. Его считают приближенным Хасана Асадуллозода, главы «Ориенбанка». 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.