Раёсати Созмони Ҳамкории Исломӣ ба дӯши Тоҷикистон вогузор гардид

Date:

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк маросими таҳвили раёсат дар Гурӯҳи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) аз Тоҷикистон ба Қазоқистон баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳангоми суханронии худ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ба ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмон барои ҳусни ҳамкорӣ ва ҷонибдорӣ кардани ҳайати мо дар давраи раёсати кишвари мо дар Гурӯҳи СҲИ изҳори ташаккур намуда, ба ҳайати Қазоқистон ба сифати раиси нави Созмон орзуи муваффақият кард.

Изҳори умедворӣ шуд, ки тағийрот дар номи Созмон оғози таҷдиди фаъолияти он дар арсаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, хоҳад буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related