Шумори истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. нафар аст

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Айни замон шумори истифодабарандагони шабакаи Инетернет дар Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. нафарро ташкил медиҳад ва агар ин шуморро бо ду соли пеш муқоиса намоем, метавон гуфт, ки афзоиши шумори истифодабарандагони шабака дар кишвари дорои 7,5 млн. нафар аҳолӣ яке аз босуръаттарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Дар ин бора […]

Asia-Plus

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Айни замон шумори истифодабарандагони шабакаи Инетернет дар Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. нафарро ташкил медиҳад ва агар ин шуморро бо ду соли пеш муқоиса намоем, метавон гуфт, ки афзоиши шумори истифодабарандагони шабака дар кишвари дорои 7,5 млн. нафар аҳолӣ яке аз босуръаттарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Дар ин бора зимни суханронӣ дар шаҳри Вена дар машварат таҳти унвони «Пешбурди гуногунандешӣ дар ВАО-и нав» мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов хабар дод. Дар машварати мазкур мушкилот ва имконоти васоити ахбори умуми нав дар мусоидат ба гуногунандешӣ, ҷанбаҳои гузаштан ба пахши телевизиони рақамӣ ва масоили танзими шабакаи Интернет дар минтақаи САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Тоҷикистон баҳри ҳавасмандсозии рушди босуръати Интернет тамоми чораҳоро меандешад. Дар назди президенти Тоҷикистон Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ амал мекунад, ки роҳбарии онро сарвари давлат ба ӯҳда дорад. Дар ҷаласаҳои Шӯро масоили муҳими рушд ва дастгирии шабакаи Интернет дар ҷумҳурӣ баррасӣ мешаванд», – изҳор доштааст ӯ.

С.Сиддиқов ҳамчунин изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон имконоти нави рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фароҳам оварда шуда, зербинои дастрасӣ ба шабакаи Интернет низ дар ҳоли инкишоф аст. «Айни замон дар хона ё тавассути телефони мобилӣ метавон ба Интернет дасрасӣ пайдо кард, вале чун ҳама аз чунин имконот бархӯрдор нестанд, дар тамоми шаҳру марказҳои навоҳӣ марказҳои дастрасӣ ба Интернет ифтитоҳ шудаанд», – иброз доштааст вай.

Дар робита ба масъалаи норсаоиҳои шабакаи Интернет номбурда гуфтааст, муддати 30 сол аз замони мавҷудияташ Интернет оламро ба таври назаррас тағйир дода, ба рушди озодии баён мусоидат намуд. «Интернет рамзи озодӣ гардид, вале озодиро бояд аз худсарӣ ҷудо гузошт, зеро озодӣ ҳамчун имкони интихоб дар чаҳорчӯби қонун маҳдуд мешавад, «Вале чун худсарӣ сарҳад надорад, аз ин рӯ, зараровару фалокатбор  аст», – афзудааст ӯ.

Ҳайати Тоҷикистонро дар машварати Вена ҳамчунин муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Дилафрӯз Амирқулов, раиси бахши «Тоҷиктелеком»-и Кӯлоб Саъдулло Кароматов ва директори СМТ Зиннатулло Исмоилов намояндагӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.