Суханронии раиси ҲНИТ дар Форуми байнулмилалии вакилони исломӣ

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ дар кори конфронси 2-юми Форуми байнулмилалии вакилони исломӣ (IFIP), ки дар Малайзия баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар суханронии худ Муҳиддин Кабирӣ андешаҳояшро перомуни тамоилҳои мавҷуда дар […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ дар кори конфронси 2-юми Форуми байнулмилалии вакилони исломӣ (IFIP), ки дар Малайзия баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар суханронии худ Муҳиддин Кабирӣ андешаҳояшро перомуни тамоилҳои мавҷуда дар сайёра, ҷаҳони исломӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ иброз доштааст. «Раиси ҲНИТ бо мақомоти раҳбарии Ҳизби исломии Малайзия низ гуфтушунид карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон ташриф оранд», – гуфт сарчашма.

Дар Куала-Лумпур Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин ният дорад, ки бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби олии Малайзия таҳсил доранд, низ мулоқот кунад.

Форуми байнулмилалии вакилони исломӣ соли 2007 дар Ҷакарта – пойтахти Индонезия аз тарафи 350 вакили исломии кишварҳои гуногун таъсис шудааст, ки дар ҳоли ҳозир адади аъзои он бештар аз 500 нафар мебошад. Ҳадафи аслии созмон муттаҳид намудани намояндагони кишварҳои гуногун буда, фаъолияти вакилии худро баҳри сарбаландӣ ва рушди миллату кишварҳои исломӣ бахшидаанд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.