Боздошти ду маҳбуси фирорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ боз ду нафар маҳбусони фирориро, ки моҳи августи соли гузашта аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, гурехта буданд, боздошт намуданд. Инҳо зодагони 25-солаи Доғистони Русия – Казбек Ҷабраилов ва Низомӣ Абиев мебошанд. Зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар робита ба ин […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ боз ду нафар маҳбусони фирориро, ки моҳи августи соли гузашта аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, гурехта буданд, боздошт намуданд. Инҳо зодагони 25-солаи Доғистони Русия – Казбек Ҷабраилов ва Низомӣ Абиев мебошанд.

Зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар робита ба ин масъала изхор дошт, ки ин ду нафар дар қаламрави ноҳияи Ҷиргатол ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дастгир шудаанд. «Дар он ҷо боз як нафари дигар дар муҳосира қарор дошта, бобати боздошти ӯ чораҳо андешида мешаванд», – гуфт ӯ.

Айни замон ҷиҳати боздошти боз 4 нафар маҳбусони фирорӣ корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ анҷом дода мешаванд. Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи августи соли гузашта 25 нафар маҳбусон аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор намуданд. Миёни онҳо чор нафар шаҳрванди Афғонистон, ду нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, чор нафар шаҳрванди Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. То ин дам 17 нафар маҳбусони фирорӣ боздошт ва чор нафарашон кушта шуданд.

Моҳи майи соли ҷорӣ мурофиаи додгоҳӣ оид ба ин парванда ба анҷом расида, ҳафт нафар маҳбусон ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Се нафар маҳбусон, аз ҷумла Абурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев ба муддати 30 сол равонаи зиндон шуданд. Боз чор нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.