Ҳузури беш аз 50 ширкати Чин дар Намоишгоҳи байнулмилалии Душанбе

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Намоишгоҳи байнулмилалии маҳсулоти содиротӣ, ки рӯзҳои 13-15-уми июли соли ҷорӣ дар Душанбе доир мегардад, беш аз 50 ширкати вилояти Синтзян-Уйғур ва ширкатҳои машғули кор дар Тоҷикистони Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат меварзанд. Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати кишвар иттилоъ доданд, намоишгоҳи мазкур бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Намоишгоҳи байнулмилалии маҳсулоти содиротӣ, ки рӯзҳои 13-15-уми июли соли ҷорӣ дар Душанбе доир мегардад, беш аз 50 ширкати вилояти Синтзян-Уйғур ва ширкатҳои машғули кор дар Тоҷикистони Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат меварзанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати кишвар иттилоъ доданд, намоишгоҳи мазкур бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ, дарёфти шарикон ва таъсиси корхонаҳои муштарак созмон дода мешавад. «Баргузории чунин намоишгоҳҳо самараи хуб ба бор оварда, ба рушду таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо мусоидат менамоянд», – гуфтанд дар палата.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати сабук, техникаи маишиву саноатӣ, масолеҳи сохтмон, мошину таҷҳизот ва ғайра ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд. «Намоишгоҳ бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ бо дастгирии ҳукумати кишвар ва мусоидати Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин, депратмаенти тиҷорати вилояти Синтзян-Уйғур ва маъмурияти шаҳрҳои Урумчӣ ва Қошғар созмон дода мешавад», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.