А. Иброҳим: Баҳри ҷустуҷӯйи нафту газ мо маҷбурем сармояи хориҷӣ ҷалб созем

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — |  Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим бар ин назар аст, ки нишондиҳандаҳои Тоҷикистон оид ба истихроҷи нафту газ дар солҳои 70-уми қарни сипаришуда аллакай омори таърихӣ аст ва мебояд ба вазъи имрӯза аҳаммият дод. Зимни нишасти хабарӣ А.Иброҳим изҳор дошт, ки он солҳо дар қаламрави Тоҷикистон то […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — |  Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим бар ин назар аст, ки нишондиҳандаҳои Тоҷикистон оид ба истихроҷи нафту газ дар солҳои 70-уми қарни сипаришуда аллакай омори таърихӣ аст ва мебояд ба вазъи имрӯза аҳаммият дод.

Зимни нишасти хабарӣ А.Иброҳим изҳор дошт, ки он солҳо дар қаламрави Тоҷикистон то 500 млн. метри мукааб газ ва зиёда аз 400 ҳазор тонна нафт истихроҷ мегардид, аммо ин ҳаҷм ҳамон замон низ барои талаботи Тоҷикистон нокофӣ буд ва ҳаҷми дигари зарурӣ аз берун оварда мешуд.

Ба гуфтаи А.Иброҳим, феълан барои пармакунии як чоҳ маблағи зиёд зарур аст, ки он дар бюҷет мавҷуд набуда, аз ин рӯ, ҷумҳурӣ ба мушкилоти ҷалби сармояи хориҷӣ мувоҷеҳ мегардад. «Айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ ширкатҳои хориҷии «Газпром» (Русия), «Тетис Петролиум» (Канада) ва ғайра ба ҷустуҷӯйи конҳои нафту газ машғуланд», – гуфт ӯ.

А. Иброҳим ҳамчунин иброз дошт, ки феълан сохтори фаръии ширкати «Газпром» дар кони «Сариқамиш» (ноҳияи Шаҳринав) ба корҳои ҷустуҷӯйи иктишофиву геологӣ машғул буда, ин майдон умеди асосии кишвар аст. «Чуқурии чоҳ дар ин майдон 6,3 ҳазор метрро ташкил дода, қабл аз пармакунии чоҳҳо дар ин кон, корҳои таҳқиқотӣ, геофизикӣ ва зилзиласанҷӣ барпо гардиданд», – иброз дошт вай.

Номбурда афзуд, «алҳол ин танҳо чоҳҳои ҷустуҷӯйӣ буда, агар мушаххас гардад, ки дар он нафту газ мавҷуд аст, сипас чоҳҳои баистифодадиҳӣ парма карда мешаванд». 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.