Сафармад Рустамов ба авбошӣ гумонбар дониста мешавад

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамов ба авбошӣ гумонбар дониста мешавад. Дар робита ба ин қазия зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор дошт, ки қаблан ӯ тибқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) гумонбар дониста мешуд, лекин гумонбарӣ тибқи ин модда баъдтар бекор гардида, феълан […]

Парвина Ҳамидова

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамов ба авбошӣ гумонбар дониста мешавад.

Дар робита ба ин қазия зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор дошт, ки қаблан ӯ тибқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) гумонбар дониста мешуд, лекин гумонбарӣ тибқи ин модда баъдтар бекор гардида, феълан ӯ ба авбошӣ гумонбар дониста мешавад. Аз пешниҳоди ҷузъиёти дигари ин ҳодиса прокурори генералӣ худдорӣ варзид. Ӯ ҳамчунин тасдиқ намуд, ки Рустамов дар маҳбаси Душанбе қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзноманигорон аз бедарак шудани Сафармад Рустамов аз бародараш Нурулло огаҳӣ ёфтанд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бародари Сафармад Рустамов изҳор дошт, ки Сафармад рӯзи 1-уми июл пас аз мустакилона ба раёсати КДАМ рафтанаш бедарак шудааст. Ӯ дар он ҷо мехост овозаҳои гӯё сарпарасти мухлисони дастаи футболи «Равшан» буданаш ва маблағгузорӣ кардани сафарҳои онҳоро шарҳ диҳад. «Бародарам мехост худаш ин овозаҳоро шарҳ бидиҳад ва ҳамроҳи ҷиянаш ба раёсати КДАМ рафт, вале пас аз ним соат ҷиянашро ба хона фиристода, дигар барнагашт. Телефонаш ҳам хомӯш буд», – гуфт ӯ.

Бародари Сафармад Рустамов мегӯяд, баъди гузашти чанд рӯз онҳо огаҳӣ пайдо кардаанд, ки ӯро ба Душанбе бурдаанду ӯ ҳанӯз ҳам он ҷо қарор дорад. «То имрӯз мо якчанд маротиба кӯшиш кардем, ки бо ӯ вохӯрем, вале то ҳанӯз ин кӯшишҳоямон ҳеҷ натиҷае надоданд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.