Ӯзбекистон меъёри убур ва транзити нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистонро боз боло бурд

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шурӯъ аз 1-уми июли соли равон ҳукумати Ӯзбекистон меъёри пардохти маблағи иловагӣ барои ворид шудан ва транзит, ки аз ҳар як воситаи нақлиёти хориҷӣ барои убури марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ситонида мешавад, ба андозаи 15% боло бурд. Мутобиқи қарори ҳукумати Ӯзбекистон, меъёри пардохти маблағи ворид шудан ва транзит аз […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шурӯъ аз 1-уми июли соли равон ҳукумати Ӯзбекистон меъёри пардохти маблағи иловагӣ барои ворид шудан ва транзит, ки аз ҳар як воситаи нақлиёти хориҷӣ барои убури марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ситонида мешавад, ба андозаи 15% боло бурд.

Мутобиқи қарори ҳукумати Ӯзбекистон, меъёри пардохти маблағи ворид шудан ва транзит аз воситаҳои нақлиёти боркаши хориҷӣ ва автобусҳо, ки марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистонро убур мекунанд, аз 230 то 265 доллари ИМА афзоиш ёфт.

Меъёри пардохти маблағ барои воситаҳои нақлиёт ва автобусҳои Тоҷикистон ба андозаи 14% ё худ аз 103 то 118 доллари ИМА боло рафт.

Барои воситаҳои нақлиёти Туркманистон, ки ба Тоҷикистон мераванд, меъёри пардохти маблағи транзит бетағйир боқӣ монда, барои воситаҳои нақлиёти боркаши ҳаҷми то 10 тонна ва автобусҳои дорои на камтар аз 12 ҷойи нишаст – 35 $ ва воситаҳои нақлиёти боркаши ҳаҷми 10 тонна ва зиёда аз он ва ҳамчунин автобусҳои дорои 12 ва беш аз он ҷойи нишаст 55 доллари ИМА муқаррар шудааст.

Тайи ним соли ахир Ӯзбекистон маротибаи чорум аст, ки меъёри пардохти маблағ барои транзити воситаи нақлиёт тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро боло мебарад. Ахиран Ӯзбекистон меъёри пардохти маблағ барои убур ва транзити воситаи нақлиёт ба Тоҷикистонро санаи 1-уми марти соли ҷорӣ зиёд карда буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.