Ташрифи дабири кулли СААД ба Душанбе

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи аввали имрӯз президенти Тоҷикистон дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро, ки бо сафари чаҳоррӯза ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур мепазирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар мулоқоти мазкур баррасии масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкории мутақобилаи низомии ҷонибҳо дар […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи аввали имрӯз президенти Тоҷикистон дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро, ки бо сафари чаҳоррӯза ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур мепазирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар мулоқоти мазкур баррасии масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкории мутақобилаи низомии ҷонибҳо дар назар аст. «Ҳамчунин дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтани вазъи кунунии Афғонистон, масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризми байнулмилалӣ, ифротгароии мазҳабӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ низ аз эҳтимол дур нест», – гуфт сарчашма.

Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни сафар Н.Бордюжа ҳамчунин бо мақомоти раҳбарии Шӯрои амнияти кишвар ва сохторҳои қудратӣ низ гуфтушунид хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.