Барқияҳои тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои Русияву Афғонистон

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия Дмитрий Медведев бинобар ғарқ шудани киштии «Булгария» дар Тотористон барқияи тасаллият ирсол кард. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар барқия гуфта мешавад, дар Тоҷикистон хабари ғарқи киштии «Булгария»-ро, ки боиси марги нафарони зиёд гардид, бо андӯҳи бузург қабул карданд. […]

Asia-Plus

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия Дмитрий Медведев бинобар ғарқ шудани киштии «Булгария» дар Тотористон барқияи тасаллият ирсол кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар барқия гуфта мешавад, дар Тоҷикистон хабари ғарқи киштии «Булгария»-ро, ки боиси марги нафарони зиёд гардид, бо андӯҳи бузург қабул карданд. «Аз номи ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба наздикону хешовандагони фавтидагон ҳамдардӣ изҳор мекунем», – омадааст дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба президенти Афғонистон Ҳамид Карзай низ бинобар қатли бародараш барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар барқия гуфта мешавад, «хабари ҳузнангези ҳалокати фоҷиавии бародари азизи Шумо Аҳмад Валӣ Карзайро бар асари сўиқасди террористӣ бо андўҳи бузург дарёфтам.

 Дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии комили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории ду давлат дар мубориза алайҳи нерўҳои аҳримании терроризми байналмилалӣ ва дигар хатару чолишҳои ҷадиди минтақа ва ҷаҳони муосир бори дигар  таъкид менамоям.

 Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Шумо ва аъзои оилаи  бародари марҳуматон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам».

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.