Дар Тоҷикистон корхонаҳои нави истеҳсоли масолеҳи сохтмон бунёд мегарданд

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Моҳи сентябри соли равон дар ноҳияи Варзоб корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 72 ҳазор тонна дар як сол мавриди истифода қарор мегирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таъсиси корхонаи нав – ҶДММ «Тоҷикистон ба таъмини 180 нафар бо ҷойи корӣ […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Моҳи сентябри соли равон дар ноҳияи Варзоб корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 72 ҳазор тонна дар як сол мавриди истифода қарор мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таъсиси корхонаи нав – ҶДММ «Тоҷикистон ба таъмини 180 нафар бо ҷойи корӣ шароит фароҳам меорад. «Ғайр аз ин, ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Мастчоҳ мавриди истифода қарор гирифтани се корхонаи истеҳсоли хишт ба нақша гирифта шуда, айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмону насб дар арафаи анҷомёбианд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 160 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,8 ҳазор тонна бештар аст.

Ҳамчунин дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар корхонаҳои ватанӣ 28 млн. дона хишт, 25 ҳазор тонна оҳак ва 49 ҳазор метри мураббаъ шиша истеҳсол шудааст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар корхонаҳои ҶСП «Заводи сементи Самадов» (ш.Исфара), ҶДММ «Ҷ.Собиров» (ш. Табошар), ҶДММ «Лада мармар», ҶДММ «Тоҷикмармар», ҶДММ «Дурдона» ва ғайра ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.