Бетартибиҳои мухлисон ба қазияи боздошти тоҷир Сафармад Рустамов ҳеҷ муносибате надоранд

Кӯлоб. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Абдулваҳҳоб Искандаров овозаҳои ба боздошти тоҷири маъруф Сафармад Рустамов вобаста будани қазияи боздошт ва пурсуҷӯйи мухлисон пас аз вохӯрии дастаи футболи «Равшан» (Кӯлоб) ва «Истиқлол» (Душанберо)-ро дар санаи 14 уми июни соли ҷорӣ қотеъона рад кард. Сафармад Рустамов баъдтар аз ҷониби кормандони Кумитаи […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Абдулваҳҳоб Искандаров овозаҳои ба боздошти тоҷири маъруф Сафармад Рустамов вобаста будани қазияи боздошт ва пурсуҷӯйи мухлисон пас аз вохӯрии дастаи футболи «Равшан» (Кӯлоб) ва «Истиқлол» (Душанберо)-ро дар санаи 14 уми июни соли ҷорӣ қотеъона рад кард. Сафармад Рустамов баъдтар аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт гардида буд.

«Барои ба боздошти тоҷир Сафармад Рустамов вобаста кардани бетартибиҳои мухлисон мо ҳеҷ асосе надорем ва гузашта аз ин, ӯ пас аз 2 ҳафтаи воқеъаи мазкур боздошт гардид», – гуфт ӯ.

Гузашта аз ин, ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муссар гардид, то маълум созад, ки дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ яке аз аввалинҳо шуда маҳз автомашинаи С.Рустамов осеб дидааст ва дар меҳмонхонаи шаҳри Чкаловск низ мухлисон аз меҳмонхонаи ӯ якчанд телефонро бо худ бурдаанд. Баъд аз ин, мухлисон аз меҳмонхона хориҷ карда шуда, ба вохӯрӣ бо дастаи «Парвоз» тими «Равшан» бидуни дастгирии мухлисон ҳозир шуда, ба шикаст бо ҳисоби 1 бар 3 мувоҷеҳ гардид.

Ба қавли Искандаров, дар Кӯлоб ба гумони даст доштан дар бетартибиҳои оммавӣ 103 нафар ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварда шудаанд. «Дар натиҷаи таҳлили дақиқ ва санҷиши наворҳои видеоӣ 4 нафар ба ҳабс гирифта шуда, ба 12 нафар бобати тарк накардани маҳалли зист огоҳинома дода шудааст ва мавод нисбати 21 наврас ба баррасии комиссияҳои маъмурии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ирсол шуданд», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, боз 12 нафар иштирокчиёни бетартибиҳо ҷаримабандӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.