Сарвари давлат бо парвандаи рӯзноманигори боздоштшудаи Би-Би-Си шинос мешавад

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар робита ба қазияи боздошти рӯзноманигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов изҳор кард, ки айни замон тафтишоти он аз ҷониби гурӯҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба итмом расида, парванда ҷиҳати омӯзиш ба мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ирсол шудааст. Ба гуфтаи Ш.Салимзода, бо […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар робита ба қазияи боздошти рӯзноманигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов изҳор кард, ки айни замон тафтишоти он аз ҷониби гурӯҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба итмом расида, парванда ҷиҳати омӯзиш ба мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ирсол шудааст.

Ба гуфтаи Ш.Салимзода, бо дархости президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин парванда як маълумотномаи муфассал таҳия ва ба сарвари давлат пешниҳод мегардад. «Ман аз рӯзноманигорон дархост мекунам, ки то баррасии парванда аз ҷониби мақомоти додгоҳ, хулосаҳои пешакӣ набароранд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд ба гумони узвият дар ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» рӯзноманигори Би-Би-Си боздошт гардид. Баъдан ин айбдорӣ бекор гардида, айбдории огоҳ накардани ҳукуматдорон аз фаъолияти ин ҳизб боқӣ монд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.