Баррасии масъалаи ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба кор дар Белорус

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тоҷикистон ба Белорус масъалаи омӯзиши ҷалби муҳоҷирони кории тоҷикро ба кор дар шаҳракҳои кишоварзӣ ва бахши сохтмони ин кишвар пешниҳод кард. Ин пешниҳод зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ва муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус Евгений Полуден дар шаҳри Минск садо дод. Бно ба […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тоҷикистон ба Белорус масъалаи омӯзиши ҷалби муҳоҷирони кории тоҷикро ба кор дар шаҳракҳои кишоварзӣ ва бахши сохтмони ин кишвар пешниҳод кард.

Ин пешниҳод зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ва муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус Евгений Полуден дар шаҳри Минск садо дод.

Бно ба иттилои ОИ БЕЛТА, мақомоти дахлдори Белорус лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус дар бораи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони ҳарду кишварро таҳия сохта, онро барои шиносоӣ ва мувофиқа ба Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Дар мулоқот ҷонибҳо иброз доштаанд, ки мавҷуд набудани заминаи ҳуқуқиву шартномавӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи табодули қувваи корӣ имконоти чунин фаъолиятро мушкил месозад.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо баррасии масъалаи роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши омодасозии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи ҳукуматӣ ва омӯзиши шаҳрвандони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Белорусро муҳим арзёбӣ карданд.

 «Дар чаҳорчӯби сафар намояндагони Тоҷикистон аз департамент оид ба масоили шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Белорус боздид намуда, бо тарзи роҳандозии фаъолияти ҳамкасбони худ аз наздик ошно гардиданд. Ғайр аз ин, онҳо бо корфармоҳо, ки қувваи кориро ба Белорус ҷалб месозанд, низ гуфтушунид анҷом доданд», – гуфта мешавад дар хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.