Гузашти низомии пуршукӯҳ дар ҷашни 20-умин солгарди истиқлол

Date:

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузашти низомии пуршукӯҳ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, 80%-и иштирокчиёни гузашти низомиро намояндагони вазорати мазкур ташкил хоҳанд дод. «Ғайр аз ин, дар гузашти низомӣ воҳидҳои Гвардияи миллӣ, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ низ ширкат хоҳанд варзид», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ хоҳад кард. Гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд. «Айни замон тамоми воҳидҳое, ки дар гузашт иштирок мекунанд, дар гирду атрофи шаҳр ба машқу тамрин машғуланд», – афзуд номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки иштироки техникаи низомӣ дар гузашт дар назар нест.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...