Л. Йесен: Бонки ҷаҳонӣ минбаъд низ ба дастгирии Тоҷикистон омода аст

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва гурӯҳи Бонки миллӣ бо сарварии Ларс Йенсен масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молия хабар доданд, мулоқот дар рӯхияи созанда баргузор шуда, дар он оид ба масоили муҳим ва мушкилот дар бахши молиявӣ-бонкдорӣ табодули […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва гурӯҳи Бонки миллӣ бо сарварии Ларс Йенсен масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молия хабар доданд, мулоқот дар рӯхияи созанда баргузор шуда, дар он оид ба масоили муҳим ва мушкилот дар бахши молиявӣ-бонкдорӣ табодули афкор сурат гирифт. «Ҷонибҳо масоили дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ва муносиботи кишвар бо созмонҳои банулмилалии молиявиро баррасӣ карданд», – гуфтанд дар котиботи вазорат.

Дар ҷараёни мулоқот Ларс Йесен зикр кард, ки Бонки ҷаҳонӣ ният дорад, минбаъд низ расонидани кӯмаки техникӣ баҳри амалисозии идоракунии қарзи давлатиро идома дода, оид ба таҳлили вазъи қарз ва таҳияи пешниҳодот бобати устуворӣ ва таъмини қарзи давлатии Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии татбиқи барномаи Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ аст, тренингу семинарҳо доир намояд.

Дар навбати худ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки дар давраи баъдибӯҳронӣ кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ саривақтӣ ва зарур аст. Ӯ ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори боварӣ кард.

Зикр гардид, ки гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ масоили марбут ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро баррасӣ мекунад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.