Мусодираи як миқдор силоҳ дар қаламрави Кӯлоб

Кӯлоб. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар қаламрави шаҳру ноҳияи Кӯлоб кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ 9 адад автомати Калашниковро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Абдулваҳҳоб Искандаров хабар дод, ғайр аз ин, аз аҳолӣ боз ду таппончаи Макаров, ҳашт силоҳи шикории ғайриқонунӣ нигоҳдошташуда, 10 адад корди ҷангӣ […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар қаламрави шаҳру ноҳияи Кӯлоб кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ 9 адад автомати Калашниковро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Абдулваҳҳоб Искандаров хабар дод, ғайр аз ин, аз аҳолӣ боз ду таппончаи Макаров, ҳашт силоҳи шикории ғайриқонунӣ нигоҳдошташуда, 10 адад корди ҷангӣ ва 700 дона тирҳои қутри гуногун низ мусодира шудаанд.

Ба қавли ӯ, ин аслиҳа аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ монда, ахиран содир шудани ҷиноят бо истифода аз аслиҳа дар минтақа кам ба мушоҳида мерасад.

Ба иттилои манбаъ, соли равон дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 175 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи ошкорсозии он ба 94,6% баробар аст. «Дар ин давра муяссар шуд, ки 13 ҷинояти солҳои пешин ошкор карда шуда, аз 13 нафар бедаракшудагон 11 нафар дарёфт шуданд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.