Соли равон дар Суғд се ҳукми қисман бегуноҳӣ содир шуд

Хуҷанд 13-умси июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ се ҳолати содир шудани ҳукми қисман бегуноҳӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои адлияи вилояти Суғд хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ҳукмҳои қисман бегуноҳӣ аз ҷониби додгоҳҳои ноҳияҳои Ашт, Спитамен ва Кӯҳистони Мастчоҳ бароварда шудааст. Аз […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд 13-умси июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ се ҳолати содир шудани ҳукми қисман бегуноҳӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои адлияи вилояти Суғд хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳукмҳои қисман бегуноҳӣ аз ҷониби додгоҳҳои ноҳияҳои Ашт, Спитамен ва Кӯҳистони Мастчоҳ бароварда шудааст.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Спитамен гумонбаршуда тибқи моддаҳои 109 (Ба худкушӣ расонидан) ва 247 (Қаллобӣ) бегуноҳ дониста шуд. Дар ноҳияи Ашт айбдории гумонбаршуда тибқи моддаи 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) бекор карда шуда, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз шаш нафари гумонбаршуда 3 нафарашон аз рӯйи моддаи 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) бегуноҳ дониста шуданд.

Соли равон аз ҷониби додгоҳҳои вилояти Суғд ҳукмҳои пурра бегуноҳӣ содир нашудаанд.

Директори Иттиҳодияи ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» (Душанбе) Нурмуҳаммад Халилов дар робита ба ин масъала мегӯяд, чунин вазъ бозгӯи он аст, ки  феълан дар Тоҷикистон заминаи қонунгузорӣ ба ислоҳот ниёз дорад.

«Ба шумори ҳукмҳои сафедкунанда ҳамчунин дастрасии саривақтӣ ба ҳимоягар низ таъсир мегузорад. Барои даст ёфтан ба тағйири вазъ ҳамчунин тағйири муносибати мақомоти додгоҳӣ нисбат ба заминаи исботӣ зарур аст. Ҳама гуна шубҳаҳо бояд ба манфиати айбдоршаванда маънидод гарданд», – зикр намуд Халилов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.