Директори генералӣ барои напардохтани маоши бинокорони нерӯгоҳи Сангтӯда-1» дар додгоҳ ҷавоб мегӯяд

Қӯрғонтеппа. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи ноҳияи Данғара баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати директори генералии ширкати машғул ба сохтмони иншооти гидротехникӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Иннокентия Кимро оғоз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари додситони ноҳияи Данғара Абдувалӣ Кенҷаев хабар дод, Иннокентий Ким муддати 2 моҳ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» кор карда, ба 105 […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи ноҳияи Данғара баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати директори генералии ширкати машғул ба сохтмони иншооти гидротехникӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Иннокентия Кимро оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари додситони ноҳияи Данғара Абдувалӣ Кенҷаев хабар дод, Иннокентий Ким муддати 2 моҳ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» кор карда, ба 105 нафар коргаронаш музди меҳнатро напардохтааст. «Дар асоси аризаи шикоятии ин коргарон мақомоти додситонии ноҳияи Данғара барои саривақт напардохтани музди меҳнат нисбат ба И.Ким мутобиқи моддаи 151, прим 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз кард», – идолма дод сарёвари додситон.

Ба қавли ӯ, маблағи умумии қарз аз музди меҳнат дар назди коргарон 510 ҳазор сомониро ташкил додааст, аммо дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ И.Ким ҳамаи қарзҳоро пардохт намудааст. «Айни замон додгоҳи ноҳияи Данғара ин парвандаро мавриди баррасӣ қарор дода, рӯзҳои наздик ҳукми худро содир хоҳад кард», – афзуд номбурда.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.