Дар Суғд дузди автомашинаҳои «Опел-Астра» ба 9 соли зиндон маҳкум гардид

Хуҷанд. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — Дар вилояти Суғд мурофиаи додгоҳии сокини Хуҷанд, ки ба дуздии автомобилҳои тамғаи «Опел-Астра» ва маводи арзишманд аз дохили онҳо муттаҳам дониста шуд, ба итмом расид. Тавре ба ОИ «Ази-Плюс» додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Аҳроров хабар дод, сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Ҷалилов мутобиқи мода 244, қ.4 (Дуздӣ), 339 қ.2 […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — Дар вилояти Суғд мурофиаи додгоҳии сокини Хуҷанд, ки ба дуздии автомобилҳои тамғаи «Опел-Астра» ва маводи арзишманд аз дохили онҳо муттаҳам дониста шуд, ба итмом расид.

Тавре ба ОИ «Ази-Плюс» додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Аҳроров хабар дод, сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Ҷалилов мутобиқи мода 244, қ.4 (Дуздӣ), 339 қ.2 (Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат,  штамп, мўҳр) ва 340, қ.1 (. Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, бо мусодираи амвол ба муддати 9 сол ба зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд.

Моҳи сентябри соли 2007 дар шаҳри Хуҷанд Б.Ҷалилов автомашинаи тамғаи «Жигули» (арзишаш 18 ҳазору 500 сомонӣ)-ро дуздида, худи ҳамон рӯз онро бо қимати 3 ҳазор сомонӣ мефурӯшад.

Моҳи ноябри соли 2007 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷинояткор зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои ронанда аз ҷониби кормандони БДА, автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-ро рабуда, пас аз як моҳ онро дар шаҳри Душанбе ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.

Ахири моҳи сентябри соли 2009 бошад, дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров ӯ аз дохили автомашинаи «Опел-Астра» шиму костюм, ду адад телефони мобилӣ ва ҳуҷҷатҳои техникии автомашинаро медуздад.

Дар таърихи 13-уми апрели соли 2011 Ҷалилов ният дошт, ки боз як автомашинаи «Опел-Астра»-ро бидуздад, вале ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Истаравшан-Хуҷанд аз ҷониби кормандони Бозрасии давлати автомобилии шаҳри Истаравшан боздошт мегардад.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.