Мусодираи 14 тонна намаки йодношуда дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ

Кӯлоб. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 14 тонна намаки йодношуда аз фурӯш мусодира шуд. Зимни нишасти хабарӣ сардори раёсати минтақавии «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб Рустам Неъматов дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки пас аз ташхис қисмате аз маҳсулот барои коркард […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 14 тонна намаки йодношуда аз фурӯш мусодира шуд.

Зимни нишасти хабарӣ сардори раёсати минтақавии «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб Рустам Неъматов дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки пас аз ташхис қисмате аз маҳсулот барои коркард ба корхонаҳо ва қисмати дигар барои эҳтиёҷоти ташкилотҳои коммуналӣ фиристода шудааст.

Ба қавли ӯ, ҳангоми баргузории 729 ташхиси маводи ғизоӣ дар 10%-и ҳолатҳо ба истеъмол корношоям будани онҳо муайян гардидааст. «Дар нимсолаи аввал бинобар ба меъёрҳо ҷавобгӯ набудан ҳамчунин 540 кило равған, 109 кило маҳсулоти қаннодӣ, 67 кило макарон, 18 кило чой, 67 кило маҳсулоти ширӣ, даҳҳои кило ҳасиб ва ҳудуди 200 декалитр нӯшокиҳои ғайримашруботӣ низ аз фурӯш мусодира карда шуданд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.