Хитойиҳо дар Тоҷикистон сурбу руҳ ҷустуҷӯ мекунанд

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Саридораи геологияи ҷумҳурӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои имзо иҷозатномаи «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин»-ро ҷиҳати омӯзиши геологии кони сурбу руҳи «Зарнисори Шимолӣ» ирсол кардааст. Зимни нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки миёни Хадамоти геологии Вазорати замин ва захираҳои Чин ва Саридораи геологияи […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Саридораи геологияи ҷумҳурӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои имзо иҷозатномаи «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин»-ро ҷиҳати омӯзиши геологии кони сурбу руҳи «Зарнисори Шимолӣ» ирсол кардааст.

Зимни нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки миёни Хадамоти геологии Вазорати замин ва захираҳои Чин ва Саридораи геологияи ҷумҳурӣ оид ба баргузории корҳои муштарак ҷиҳати омӯзиши геологии минтақаҳои наздимарзӣ шартнома ба имзо расидааст. «Айни замон корҳои саҳройӣ оғоз гардида, роҳандозии чунин ҳамкориҳо бо хадамоти геологии кишварҳои дигар низ дар ҳоли рушд аст», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, А.Иброҳим зикр намуд, ки барои бозпас гирифтани иҷозатномаи ҶДММ «Марвис», ки дар минтақаи шимоли кишвар ба ҷустуҷӯйи нафту газ машғул аст, тамоми ҳуҷҷатҳо омода карда шудаанд. «Пас аз дастрас намудани хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдор ин ҳуҷҷатҳо ба ҳукумат пешниҳод карда мешаванд», – иброз дошт вай.

Номбурда афзуд, дар нимсолаи авали соли равон иҷозатномаи ҶДММ «Нурафзои Ширин», ки ба ҷустуҷӯйи кони ангишти сангӣ машғул буд, низ бозпас гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.