Дар Русия сатҳи дониши забони русии муҳоҷирон санҷида мешавад

Маскав. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сатҳи дониши забони русии муҳоҷирони меҳнатие, ки дар бахши хоҷагии манзилию коммуналии Русия фаъолият доранд, санҷида мешавад. Дар ҷараёни мулоқот бо муовини раиси Думаи давлатии Русия Владимир Жириновский роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки «агар шаҳрванди хориҷӣ дар Русия машғули […]

Александр Калугин

Маскав. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сатҳи дониши забони русии муҳоҷирони меҳнатие, ки дар бахши хоҷагии манзилию коммуналии Русия фаъолият доранд, санҷида мешавад.

Дар ҷараёни мулоқот бо муовини раиси Думаи давлатии Русия Владимир Жириновский роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки «агар шаҳрванди хориҷӣ дар Русия машғули кор бошаду ба мардум хизматгузорӣ намояд, бояд забони русиро балад бошад».

Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин масоили муҳими қонунгузории Русия дар бахши роҳандозии сиёсати муҳоҷират, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, мутобиқгардонӣ ва ҳамгиройии муҳоҷирон ба муҳити кишвар ва омӯзиши ҳатмии забони русӣ аз ҷониби муҳоҷирон баррасӣ шуданд.

К.Ромодановский гуфтааст, айни замон шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия аз 4 то 6 млн. нафарро ташкил медиҳад. Бештари муҳоҷирон шаҳрвандони Украина (ҳудуди 3 млн. нафар), Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон мебошанд. Дар ҳамин ҳол, шумори шаҳрвандони ба Русия воридмешуда аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба шумори муҳоҷирони кории Тоҷикистон баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.