Ҳудуди 2,5 млн. $ барои сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар пойтахт

Date:

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Айнӣ, наздикии меҳмонхонаи «Пойтахт» ва назди «Олами китоб» беш аз 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млн. $) маблағ ҷудо кард. Корҳои асосии сохтмонӣ дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ бояд моҳи сентябри соли равон ба итмом расанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати сохтмони асосии маъмурияти шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров хабар дод, мутобиқи шартномаи баимзорасида, сохтмончиён то ин мӯҳлат дар майдони сохтмон бояд роҳи мошингарди самти фурудгоҳро боз кунанд. «Сохтмони иншоотҳои мазкур ахири соли равон пурра ба анҷом хоҳад расид», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ба сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар пойтахт як ширкат аз Тоҷикистону як ширкати дигар аз Чин машғуланд. «Корҳои зебу ороиши гузаргоҳҳо бо тарзу усули риояи анъанаҳои миллиро устодони тоҷик ба иҷро мерасонанд», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...