Сафари волидайни сарбозони суғдӣ ба қисмҳои низомии вилояти Хатлон

Хуҷанд. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Волидайни сарбозони суғдие, ки фарзандонашон дар қисмҳои низомии воқеъ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон хизмати ҳатмии ҳарбиро адо мекунанд, ба макони хизмати онҳо раҳсипор мешаванд, то ки шахсан бо шароити будубош ва хизмати онҳо аз наздик ошно гарданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд хабар […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Волидайни сарбозони суғдие, ки фарзандонашон дар қисмҳои низомии воқеъ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон хизмати ҳатмии ҳарбиро адо мекунанд, ба макони хизмати онҳо раҳсипор мешаванд, то ки шахсан бо шароити будубош ва хизмати онҳо аз наздик ошно гарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд хабар доданд, сафари мазкур тибқи қарори раиси вилоят бо мақсади тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, таблиғи адои хизмати ҳарбӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни хизмати сарбозон сурат мегирад.

Айни замон дар комиссариатҳои ҳарбӣ рӯйхати падару модарони фарзандонашон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон хизматмекарда тартиб дода шуда истодааст. Ин рӯйхат аз 30 нафар иборат буда, хароҷоти сафар тавассути роҳи мошингардро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ӯҳда гирифтаанд. Дар муддати 8 рӯз падару модарони сарбозон аз шароити зисту хизмат дар 14 қисми ҳрбӣ шинос мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин мулоқотҳо бо ҳайати фармондеҳии қисми низомӣ дар назар буда, гурӯҳи падару модарон тахминан рӯзи 17-уми июл ба сафар мебароянд. «Дар навбати худ сафари падару модарони сарбозони душанбегиву хатлонӣ ба қисмҳои ҳарбии вилояти Суғд низ ба нақша гирифта шудааст», – афзуд сарчашма.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.