Оғози мурофиаи додгоҳии гумонбаршудагони амали террористӣ дар Хуҷанд

Хуҷанд. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд оид ба далели содир шудани амали террористӣ дар таърихи 3-юми сентябри соли 2010 дар Хуҷанд баррасии парвандаи ҷиноӣ шурӯъ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиаи мазкур додраси додгоҳи вилоят Дадоҷон Гадойбоев хабар дод, мурофиаи додгоҳӣ дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд оид ба далели содир шудани амали террористӣ дар таърихи 3-юми сентябри соли 2010 дар Хуҷанд баррасии парвандаи ҷиноӣ шурӯъ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиаи мазкур додраси додгоҳи вилоят Дадоҷон Гадойбоев хабар дод, мурофиаи додгоҳӣ дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар курсии айбдорӣ 53 нафар ҳузур доранд, ки асосан сокинони ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Ситамен ва шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Ба қавли додрас, гумонбаршудагон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 179, қ. 3 (Терроризм), 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ), 306 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 195, қ. 3 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 196, қ. 3 (Ғайриқонунӣ сохтани яроқ), 104, қ. 2 (Одамкушӣ), 32 қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят), 36. қ. 5 (Шарикӣ дар содир намудани ҷиноят), 314, қ. 1 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 347, қ. 1 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) ва 335, қ. 2 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  сарҳади давлатӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешаванд.

Д.Гадойбоев афзуд, аз ин шумор 10-12 нафар дар содир намудани амали террористӣ ва боқимонда дар узвият ба Ҳаракати исломии Ӯзбекистон гумонбар дониста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки 3-юми сентябри соли 2010 тақрибан соатҳои 8:15 дақиқаи субҳ ба саҳни бинои шӯъби минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД дар вилояти Суғд як автомашинае ворид гардида, мавриди инфиҷор қарор гирифт. Бар асари таркиши автомашина худи террорист ва се корманди шӯъба ба ҳалокат расида, 26 нафар кормандони милиса ва панҷ тан аз аҳолии осоишта ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Он замон мақомоти прокуратураи вилояти Суғд  аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 179, қ. 3-и КҶ ҶТ (Терроризм) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, онро ҷиҳати баррасии минбаъда ба шӯъбаи тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд ирсол карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.