Ҳудуди 2,5 млн. $ барои сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар пойтахт

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Айнӣ, наздикии меҳмонхонаи «Пойтахт» ва назди «Олами китоб» беш аз 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млн. $) маблағ ҷудо кард. Корҳои асосии сохтмонӣ дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ бояд моҳи сентябри соли равон ба итмом расанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Айнӣ, наздикии меҳмонхонаи «Пойтахт» ва назди «Олами китоб» беш аз 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млн. $) маблағ ҷудо кард. Корҳои асосии сохтмонӣ дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ бояд моҳи сентябри соли равон ба итмом расанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати сохтмони асосии маъмурияти шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров хабар дод, мутобиқи шартномаи баимзорасида, сохтмончиён то ин мӯҳлат дар майдони сохтмон бояд роҳи мошингарди самти фурудгоҳро боз кунанд. «Сохтмони иншоотҳои мазкур ахири соли равон пурра ба анҷом хоҳад расид», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ба сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар пойтахт як ширкат аз Тоҷикистону як ширкати дигар аз Чин машғуланд. «Корҳои зебу ороиши гузаргоҳҳо бо тарзу усули риояи анъанаҳои миллиро устодони тоҷик ба иҷро мерасонанд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.