Би-Би-Сӣ ба озодии ҳарчи зудтари Ӯрунбой Усмонов умедвор аст

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корпоратсияи телевизиону радиои бритониёии Би-Би-Сӣ бобати қазияи боздошти хабарнигораш Ӯрунбой Усмонов дар шаҳри Хуҷанд изҳороти навбатӣ пахш кард. Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми июни соли ҷорӣ Усмонов ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ […]

Парвина Ҳамидова

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корпоратсияи телевизиону радиои бритониёии Би-Би-Сӣ бобати қазияи боздошти хабарнигораш Ӯрунбой Усмонов дар шаҳри Хуҷанд изҳороти навбатӣ пахш кард.

Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми июни соли ҷорӣ Усмонов ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

«Ҳукуматдорони Тоҷикистон аллакай тасдиқ карданд, ки тафтишот ба анҷом расида, натоиҷи он ба мақомоти додгоҳи ноҳия ирсол шудааст», – омадааст дар изҳорот.

Ҳамчунин дар изҳорот зикр мегардад, ки Додситони кулли Тоҷикистон изҳор доштааст, ки президенти Тоҷикистон бо ин қазия шинос шуданист ва айни замон кормандони мақомот перомуни ин парванда ба ӯ маълумотномаи муфассал омода месозанд.

«Би-Би-Сӣ умедвор аст, ки ин кор базудӣ анҷом пазируфта, ба озодии пурраи Усмонов боис мегардад ва номи неки ӯро барқарор месозад», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, муттаҳам кардани Усмонов дар масъалаи робитааш бо «Ҳизб-ут-Таҳрир» комилан беасос аст.

«Мо чунин мешуморем, ки вохӯрӣ ва мусоҳиба бо намояндагони ҷонибҳои афкори мухолифдошта як қисмати кори ҳар як рӯзноманигори Би-Би-Сӣ аст», – зикр мегардад дар изҳорот.

Ғайр аз ин, Би-Би-Сӣ бори дигар аз вазъи Ӯрунбой Усмонов изҳори нигаронӣ карда, қайд кардааст, ки ҳамкорони бо ӯ сӯҳбатдошта ба хулосае омадаанд, ки ӯ заъифу тарсдошта аст.


Дар акс: мулоқоти рӯзноманигори Би-Би-Си Алан Куортли бо Ӯрунбой Усмонов дар тавқифгоҳи муваққатии РКДАМ-и вилояти Суғд

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.