Манъи фурӯши маҳсулоти саноатӣ дар «Бозори Шоҳмансур»

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тибқи тағйиротии воридкардаи мақомоти шаҳрдории Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» аз 15-уми июли соли 2011 танҳо ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ ихтисос дода мешавад. Дар ин бора ба TojNews сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри […]

Asia-Plus

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тибқи тағйиротии воридкардаи мақомоти шаҳрдории Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» аз 15-уми июли соли 2011 танҳо ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ ихтисос дода мешавад. Дар ин бора ба TojNews сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, шаҳрдории Душанбе ҷиҳати аз рӯи таъинот ба роҳ мондани фаъолияти мӯътадили бозорҳои коммуналии шаҳр, ки ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ихтисос доранд, бо мақсади таъсир расонидан дар нигоҳдории нархи маҳсулоти ниёзи аввал, зиёд намудани нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишварзию агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ ба «Қарори дахлдори амалкунандаи раиси шаҳри Душанбе нисбати ҷойгиршавӣ ва махсусгардонии бозорҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз 1-уми июли соли 2011 тағйирот ворид намуд», – гуфт вай.

– Ба қавли ӯ, вобаста ба татбиқи ин муқаррарот муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе С. Сафаров бо Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута вазифадор шудаанд, ки барои фавран аз байн бурдани фурӯши маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо маъмурияти бозори мазкур чораҳои дахлдор андешанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.