Пешниҳоди Сӯҳроб Шарипов бобати санҷиши мувофиқати кормандони КДАМ ба мансаб

Date:

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳабси хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ метавонад ба мавқеъи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ зарари ҷиддӣ расонад, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов.

«Ин масъала аз чаҳорчӯби ҳуқуқшиносӣ берун рафта, ба худ ангезаи сиёсӣ касб кард ва акнун ҷараёни тафтишотро худи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зери назорат дорад», – гуфт вай.

Ба қавли С.Шарифов, чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо сафар карда, бо сарварон ва роҳбарони сохторҳои як қатор кишварҳои аврупоӣ ҷиҳати боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ гуфтушунидҳои муҳим анҷом дод ва пас аз бозгашти ӯ ин ҳодиса ба вуқӯъ пайваста, аз он сохторҳои аврупоии бо президент мулоқоткарда изҳори норозигӣ карданд. «Чунин амалҳои кормандони мақомоти амният ба нуфузи кишвар дар доираҳои байнулмилалӣ таъсири манфӣ мерасонанд ва қабл аз даст задан ба амале, кормандони мақомотро мебояд аз оқибатҳо ва вокуниши ҷомеаи байнулмилалӣ ба он андеша кунанд», – гуфт вай.

С.Шарипов мегӯяд, «агар ба чунин амал роҳ дода шавад, пас мебояд миёни кормандони мақомот оид ба мувофиқат ба мансаби ишғолкардаашон санҷиш доир кард, зеро ин кадрҳо ба чунин иштибоҳоте роҳ медиҳанд, ки тамоми кӯшишҳои президентро барбод медиҳанд. «Албатта, инсон барои ҷинояти содиркардааш бояд ҷавобгӯ бошад, вале сохторҳои қудратиро мебояд ба сатҳи ҷинояти содиршуда таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд», – иброз дошт ӯ ва афзуд, ки кормандони КДАМ нисбати рӯзноманигори Би-Би-Сӣ «аз ҳад зиёд кӯшиш ба харҷ додаанд».

Ғайр аз ин, С.Шарифов бар ин назар аст, ки вазорати корҳои хориҷӣ дар ин ҳолатҳо бояд фавран ба амал пардозад. «Ҳангоме сафирон ба ҳукумат изҳорот ирсол мекунанд, ба он набояд КДАМ, балки вазорати корҳои хориҷӣ посух диҳад, вале ба изҳороти сафирони САҲА, ИМА, Британияи Кабир ва кишварҳои дигар аз ҷониби ин вазорат ҳеҷ посухе гуфта нашуд. Дар ин ҳолат фавран гирдиҳам овардани сафирон ва шарҳи моҳияти масъала зарур буд. Агар саривақт ба сафирон моҳияти масъала фаҳмонида мешуд, кор то ба ин дараҷа намерасид», – таъкид сохт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, директори МТС гуфт, дар ҷаҳони муосир алайҳи рӯзноманигорон садҳо парвандаи ҷиноӣ боз мешаванд, «яъне замоне фаро расидааст, ки журналистон аз мушкилоти ҷиддие, ки ба манфиати гурӯҳи мушаххасе зараровар аст, ҳарф мезананд». «Ин раванди маъмулӣ аст, аммо дар кишварҳои ғарбӣ рӯзноманигорон корпоратсияҳои мустақили ҳимоягарони худро доранд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо дифоъ мекунанд», – мегӯяд ӯ.

С.Шарифов чунин мешуморад, ки вақти он расидааст, ки журналистони тоҷик низ муттаҳид гардида, барои дифоъ аз манфиатҳои худ ҳимоягарони соҳибтаҷрибаро ҷалб созанд.

МЕДИА (Youtube Embed)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....