Cанаи оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон то ҳанӯз маълум нест

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аз санаи оғози моҳи Рамазон 1-уми август интизорӣ меравад, вале санаи дакиқ метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад. Тибқи қонунҳои шариат, ҳангоми баромадани моҳи нав оғози моҳи Рамазон эълон мегардад. Донишмандони исломӣ бар чунин назаранд, ки тамоми мусулмонони сайёра бояд дар як вақт рӯза бигиранд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ […]

Марҳабои Ҳоким

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аз санаи оғози моҳи Рамазон 1-уми август интизорӣ меравад, вале санаи дакиқ метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад. Тибқи қонунҳои шариат, ҳангоми баромадани моҳи нав оғози моҳи Рамазон эълон мегардад. Донишмандони исломӣ бар чунин назаранд, ки тамоми мусулмонони сайёра бояд дар як вақт рӯза бигиранд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали Шӯрои уламои Тоҷикистон Эшони Абдулбасир Саидов дар робита ба ин масъала гуфт, олимони исломшиноси кишвар муддати ду моҳ аст, ки замони пайдоши моҳи навро интизорӣ доранд ва аз Донишкадаи астрофизикаи Академияи улуми ҷумҳурӣ дархост кардаанд, ки санаи дақиқи пайдоиши моҳи навро муайян кунанд. «Оғози моҳи шарифи Рамазон 1-уми август пешбинӣ мешавад, вале метавонад як рӯз пештар ё баъдтар бошад ва мо ба мардум оғози моҳи Рамазонро панҷ-шаш рӯз пештар эълон хоҳем кард», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, муфтиёни Тоҷикистон набояд интизор шаванд, ки санаи оғози моҳи Рамазонро дар кишварҳои арабӣ ба кадом рӯз муқаррар мекунанд, балки онро бояд мустақилона муайян созанд. «Дар кишварҳои ҷаҳони араб чун моҳро диданд, шоми ҳамон рӯз дар бораи оғози моҳи Рамазон эълон мекунанд, вале Маркази исломии мо мисли онҳо амал карда наметавонад, зеро бинобар тафовути вақт мо моҳи навро аз кишварҳои дигар пештар ё баъдтар мебинем», – афзуд номбурда.

Таҳлилгар Ҳикматулло Сайфуллозода ҷонибдори он аст, ки тамоми мусулмонони ҷаҳон бояд дар як вақт рӯза бигиранд. «Пайғамбар гуфтааст: агар як мусулмон мушоҳида кард, ки моҳи нав пайдо шудааст, бояд инро ба дигарон бигӯяд, то ки моҳи Рамазон эълон гардад. Ин муқаррарот дар замоне, ки ислом дар ҳудуди чанде аз кишварҳои арабӣ то Эрон паҳн гардида буд, риоя мешуд. Аммо агар ҷаҳони ислом як доира шуморида шавад, пас имрӯз ҳам мебояд ин муқарраротро риоя кард», – изҳор дошт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.