Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод

Date:

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахши кишоварзӣ ба ноҳияи Файзобод сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафар сарвари давлат дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди истиқлол бунёдёфта ширкат хоҳад варзид. «Ҳамчунин иштирок ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фъолони ноҳия дар назар аст», – гуфт сарчашма.

Ба қавли манбаъ, зимни вохӯриҳои сарвари давлат бо намояндагони гуногуни бахши иқтисоду кишоварзии ноҳия ба масъалаи таъмини амнияти ғизоии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related