Танҳо ба нафақахӯрони се шаҳри Суғд нафақаи моҳи июн пурра пардохт шуд

Хуҷанд. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд танҳо ба нафақахӯрони шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва Табошар маблағи нафақаи моҳи июн пурра пардохт карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят хабар доданд, феълан дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Спитамен, Шаҳристон, Ашту Ғончӣ ва шаҳри Конибодом оид ба масъалаи […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд танҳо ба нафақахӯрони шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва Табошар маблағи нафақаи моҳи июн пурра пардохт карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят хабар доданд, феълан дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Спитамен, Шаҳристон, Ашту Ғончӣ ва шаҳри Конибодом оид ба масъалаи пардохти нафақа вазъи мушкил ба мушоҳида мерасад. Дар ин ноҳияҳо ҳамагӣ аз 5 то 10 фоизи маблағи нафақаи пешбинишуда барои моҳи июн пардохта шудаасту халос.

Ба иттилои манбаъ, вазъ дар шаҳри Чкаловск каме беҳтар аст – дар ин ҷо 82 фоизи маблағи нафақаи пешбинишудаи моҳи июнро нафақахӯрон гирифтаанд. Ба нафақахӯрони вилояти Суғд барои моҳи июн дар маҷмӯъ 20 млн. 900 ҳазор сомонӣ пардохти нафақа пешбинӣ шудааст ва аз ин миқдор то имрӯз каме бештар аз 6,5 млн. сомонӣ нафақа пардохт карда шудааст.

Ба қавли сарчашма, нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 25 фоиз аз музди меҳнат, ки корхонаву муассисаҳои вилояти Суғд месупоранд, пардохта мешавад ва вазъи мушкили имрӯз ба он вобаста аст, ки ин андозро корхонаву муассисаҳо саривақт пардохт намекунанд.

Бино ба маълумоти раёсати мазкур, айни замон дар вилояти Суғд 177 ҳазору 292 нафар нафақахӯрон зиндагӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.