Таъмини маҳаллаҳои аҳолинишини наздимарзӣ бо нерӯи барқи доимӣ пас аз 10 соли таваққуф

Кӯлоб. 15-уми май. «Азия-Плюс» — | Даҳ маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Лангардараи ноҳияи Шӯрообод, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, пас аз 10 соли таваққуф бо нерӯи барқи доимӣ таъмин карда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи Кӯлоб Мирзо Исмоилов хабар дод, барои ноил гардидан ба ин кор ба тавозуни корхона гирифтани зеристгоҳи барқии […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 15-уми май. «Азия-Плюс» — | Даҳ маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Лангардараи ноҳияи Шӯрообод, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, пас аз 10 соли таваққуф бо нерӯи барқи доимӣ таъмин карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи Кӯлоб Мирзо Исмоилов хабар дод, барои ноил гардидан ба ин кор ба тавозуни корхона гирифтани зеристгоҳи барқии мутааллиқ ба хоҷагии деҳқонии имени И.Шарифов лозим омадааст.

Ба қавли вай, айни замон зеристгоҳи барқӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ду трансформатори корношоям иваз ва хатти интиқоли барқи масофаи 18 километр таъмиру азнавсозӣ шудааст.

«Барои назорати доимии хатти интиқоли барқ ба зеристгоҳ коргарони соҳибтаҷрибаро киро кардем», – гуфт М.Исмоилов ва илова намуд, ки сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин изҳор кардаанд, ки ба пешпардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ омодаанд, зеро муддати ин солҳо қариб бе барқ зиндагӣ доштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.