Ба истифода додани 250 ҳазор ҳазор метри мураббаъ манзили зист дар соли равон

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 250 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба истифода дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин давраи ҳисоботӣ барои 900 нафар толибилмон якчанд мактабҳои нави таҳсилоти умумӣ ба фаъолият оғоз […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 250 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин давраи ҳисоботӣ барои 900 нафар толибилмон якчанд мактабҳои нави таҳсилоти умумӣ ба фаъолият оғоз карданд.

 Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-июни соли 2011 ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 344 млн. сомонӣ бештар аст. «Дар нимаи аввали соли равон ба маблағи беш аз 1,5 млрд. сомонӣ корҳои сохтмону насб ба анҷом расонида шуданд», – гуфтанд дар агентӣ.

Дар Агентӣ зикр карданд, ки айни замон дар 15 шаҳру марказҳои ноҳияҳои кишвар оид ба Нақшаи генералӣ корҳо ба сомон расида истодаанд. «Феълан аз ҷониби Донишкадаи лоиҳакашии «Шаҳрофар» нақшаҳои генералии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Истаравшан, Сарбанд, Панҷакент, Қайроққум ва марказҳои ноҳияҳои Шӯрообод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рӯшон, Роштқалъа ва Ховалинг мавриди таҳия қарор доранд», – афзуд сарчашма.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.