Раиси Додгоҳи Олӣ: Агар писари ман ҷиноят содир карда бошад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар бораи ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати писари ман рӯзноманигорон метавонанд ба намояндагони мақомоти машғул ба ин кор муроҷиат намоянд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев. Дар идома ӯ гуфт, «агар писари ман ҷиноят содир карда бошад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт». «Ман муддати […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар бораи ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати писари ман рӯзноманигорон метавонанд ба намояндагони мақомоти машғул ба ин кор муроҷиат намоянд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев. Дар идома ӯ гуфт, «агар писари ман ҷиноят содир карда бошад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт».

«Ман муддати 34 сол аст, ки дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ фаъолият дорам ва метавонам бигӯям, ки аз содир намудани ҷиноят бинобар беэҳтиётӣ касе эмин нест. Ҳангоми рух додани садамаи нақлиёт писари ман дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор надошт, вале ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки перомуни ин ҳодиса ба касе муроҷиат накардаам ва минбаъд низ ба ин кор ният надорам», – иброз дошт раиси Додгоҳи Олӣ.

Нусратулло Абдуллоев ҳамчунин гуфт, писараш 24-сола буда, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва оиладору соҳиби фарзандон аст.

Ёдрас мекунем, ки писари раиси Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ Фарҳод Абдуллоев ба даст доштан дар ҳодисаи садамаи нақдлиёт, ки боиси марг як нафар шуд, гумонбар дониста мешавад. Дар таърихи 12-уми апрели соли ҷорӣ дар канори шаҳри Душанбе як шаҳрванди Чин зери автомобили тамғаи BMW монда, ба ҳалокат расид. Ин автомашина он замон таҳти идораи Ф.Абдуллоев қарор дошт. Нисбат ба ин амали Ф.Абдуллоев мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.