Дар Хатлон ҳудуди 200 ҷинояти солҳои пешин содиршуда ошкор гардид

Кӯлоб. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ҳудуди 200 ҷинояти солҳои пешин содиршуда, аз ҷумла 5 ҳодисаи кушторро ошкор карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят полковник Абдураҳмон Бузмаков хабар дод, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 16 ҳодисаи […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ҳудуди 200 ҷинояти солҳои пешин содиршуда, аз ҷумла 5 ҳодисаи кушторро ошкор карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят полковник Абдураҳмон Бузмаков хабар дод, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 16 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуда,  онҳо дар муддати кӯтоҳ ошкор карда шуданд. «Дар ноҳияи Вахшу Данғара – 3 ҳодиса, шаҳри Қӯргонтеппаву ноҳияҳои Қумсангиру Ёвон – 2 ҳодиса ва ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Бохтар ва Ҳамадонӣ – 1-тогӣ ҳодисаҳои куштор сабт шуданд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар нимсолаи аввал дар қаламрави вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 1 ҳазору 617 ҳодисаҳои содир намудани ҷиноёт ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 73 ҳодиса зиёдтар мебошанд. «Сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 94,6%-ро ташкил медиҳад», –  иброз дошт сардори РКД-и вилоят.

А.Бузмаков мегӯяд, дар ин давра аз аҳолӣ 317 адад аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла 59 адад автомати Калашников, 46 адад тапппончаи Макаров ва ҳамчунин 603 кило маводи нашъаовар (41 кило героин) дарёфт ва мусодира карда шудааст. «Да нимсолаи аввал ба мо муяссар гардид, ки аз 554 нафар сокини вилоят, ки ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят таҳти пайгарди қонунӣ эълон шуда буданд, 192 нафарашонро дастгир кунем», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.