Ташрифи мудири иҷроияи минтақавии Бонки таҷдиду рушди Аврупо ба Душанбе

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Мудири иҷроияи Бонки таҷдиду рушди Аврупо оид ба Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Оливйе Декамп имрӯз бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии бонки мазкур дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар О.Декамп бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид анҷом […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Мудири иҷроияи Бонки таҷдиду рушди Аврупо оид ба Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Оливйе Декамп имрӯз бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии бонки мазкур дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар О.Декамп бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид анҷом хоҳад дод, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

«Аз ҷумла, баррасии масоили вазъи имрӯзаи иқтисоди Тоҷикистон, имконоти густариши фаъолияти бонк дар ҷумҳурӣ ва ҳамчунин масъалаи минбаъд ба кишвар ҷудо кардани воситаҳои молиявӣ дар назар аст», – гуфтанд дар намояндагии бонк.

Ба иттилои манбаъ, О.Декамп инчунин бо муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода низ мулоқот хоҳад орост.

«Ғайр аз ин, нимаи дуввуми имрӯз О.Декамп дар маросими баимзорасии созишнома дар бораи аз ҷониби Бонки таҷдиду рушди Аврупо ҷудо кардани хатти қарзӣ ба ҶСП «АксесБанк-Тоҷикистон» ширкат хоҳад варзид», – афзуд сарчашма.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.