Афзоиши назарраси истеҳсоли моҳӣ дар Тоҷикистон

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар асоси баргузории тендер ба Тоҷикистон 5 млн. адад моҳича оварда шуда, ба сурати умум дар доираи амалисозии Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ воридоти боз 20 млн. адад моҳича ва 4 қаиқи муҳаррикдор дар назар аст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Моҳии Тоҷикистон […]

Машҳура Абдуллоева

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар асоси баргузории тендер ба Тоҷикистон 5 млн. адад моҳича оварда шуда, ба сурати умум дар доираи амалисозии Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ воридоти боз 20 млн. адад моҳича ва 4 қаиқи муҳаррикдор дар назар аст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Моҳии Тоҷикистон хабар доданд.

Директори корхона Аҳмадҷон Ғафуров мегӯяд, айни замон дар ҷумҳурӣ 8 хоҷагии бузург ва 121 хоҷагии деҳқониву фермерии моҳипарварӣ амал намуда, дар зарфи 6 моҳи соли равон 166,8 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 70 тонна бештар аст. «Бинобар афзун шудани талаботи аҳолӣ ба моҳӣ, моҳи шарифи Рамазон мо ният дорем, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти моҳигиро боз намоем, то ки сокинони кишвар бо нархи дастрас онро харида тавонанд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, феълан дар хоҷагиҳои ҶДММ «Парваришгоҳи моҳии хушзот»-и ноҳияи Аюдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва ҶДММ «Суғдмоҳӣ»-и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мавсими тухммонӣ ба анҷом расида, 35 млн. адад моҳичаҳо истеҳсол шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 5 млн. адад зиёдтар мебошад.

Ғафуров ҳамчунин зикр кард, ки вазъи таъминоти аҳолӣ бо моҳӣ тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. «Агар талаботи аҳолии Точикистон ба маҳсулоти моҳигӣ дар як сол 14 ҳазор тоннаро ташкил диҳад, пас имрӯз имконоти мавҷудаи кишвар дар истеҳсоли моҳӣ ба 80 ҳазор тонна дар як сол арзёбӣ мешаванд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки соли 2008 ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти моҳигӣ Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009-2015-ро қабул намуд, ки дар он дурнамои рушди соҳа ва роҳҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ муқаррар карда шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.