«ТАЛКО» дар ҷустуҷӯйи роҳҳои гузаштан ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ аст

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар семинари созмондодашуда аз ҷониби корхонаи алюминии тоҷик «ТАЛКО» таҳти унвони «Нақши илм дар саноати Тоҷикистон» масоили гузаштани истеҳсолоти металлургӣ ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар кори семинар ба сифати коршиносон мутахасиссони муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи металлургия»-и ҷумҳурӣ ширкат варзида, роҷеъ ба ин масъала андешаҳои худро […]

Шамсиддин Ризоев

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар семинари созмондодашуда аз ҷониби корхонаи алюминии тоҷик «ТАЛКО» таҳти унвони «Нақши илм дар саноати Тоҷикистон» масоили гузаштани истеҳсолоти металлургӣ ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар кори семинар ба сифати коршиносон мутахасиссони муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи металлургия»-и ҷумҳурӣ ширкат варзида, роҷеъ ба ин масъала андешаҳои худро иброз доштанд. Муовини директори пажӯҳишгоҳ оид корҳои илмӣ Бозоралӣ Азизов қайд кард, ки «яке аз вазифаҳои асосӣ – гирифтани таркибҳои фоиданок аз «кӯҳи сиёҳ» ва майдонҳои таҳшини электролизи баъзе металлҳо (шлам) аст, ки миқдори зиёди нигаҳдории чунин партовҳо (ҳудуди 200 ҳазор тонна) хатари экологӣ дорад ва аз ин рӯ, пажӯҳишгоҳ пеш аз ҳама ба масъалаи коркарди ин таҳшинҳо машғул аст».

Директори пажӯҳишгоҳ, доктори уулуми кимиё Ҳайдар Сафиев дар робита ба ин масъала гуфт, истифодаи партовҳои саноатӣ ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли алюминий аз нигоҳи иқтисодӣ манфиатовар аст ва агар аз 200 ҳазор тонна таҳшинҳои электролизӣ 60% консентрати криолитии гилхокӣ ҳосил гардад, миллионҳо доллар сарфа гардида, гузашта аз ин, минбаъд майдони зиёди нигаҳдории партовҳо озод карда мешавад. «Замоне мо муайян кардем, ки дар «кӯҳи сиёҳ» 1,5 млн. тонна партовҳо ҷамъоварӣ шудаанд ва агар аз он аққалан консентрати дорои криолити гилхокиаш истифода шавад, метавон ба маблағи 482 млн. в.ш. маҳсулот ба даст овард», – иброз дошт ӯ.

Айни замон дар доираи амалисозии лоиҳа партовҳо дар се навъи оташдонҳо сӯзонида мешаванд ва минбаъд зимни беҳбуди ин раванд, барои истеҳсоли консентрати криолитии гилхокӣ як оташдон амал хоҳад кард.

Зимни таҳқиқот олимон ҳамчунин тарзи хокистарранги кислотавии ҷудошавии партовҳоро низ коркарду таҳия намуданд, ки дар ҷараёни он метавон ба истеҳсоли кислотаи плавикӣ ноил гардид. Кислотаи плавикӣ ашёи хоми асосии истеҳсоли криолит аст. «Ҳамин тариқ, партовҳои корхонаи алюминӣ дар муддати 5-10 сол корхонаи истеҳсоли криолитро, ки дар ноҳияи Ёвон сохта мешавад, бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин карда метавонанд, вале ин лоиҳа то ҳанӯз дар чаҳорчӯби озмоишҳои санҷишии саноатӣ қарор дорад», – афзуд Б.Азизов. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.