БРАО: Соли 2011 афзоиши ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон 6,1% хоҳад буд

Date:

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли 2011 афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил метавонад 4,5% ва дар соли 2012 – 4,53%-ро ташкил диҳад, – гуфта мешавад дар макромониторинги рӯзи 18-уми июл интишоршудаи Бонки рушди Авруосиё (БРАО).

Тибқи пешгӯии БРАО, соли 2011 афзоиши ҳаҷми ММД дар Тоҷикистон – 6,1, Туркманистон – 9,3, Ӯзбекистон – 7,8, Қазоқистон – 5,9, Қирғизистон – 5,7, Русияву Украина – 4,5, Озарбойҷон – 3,9, Молдова – 4,1 ва Арманистон – 4,3%-ро ташкил хоҳад дод.

Дар санади БРАО зикр мегардад, ки «дар Белорус бинобар бӯҳрони мавҷуда пешгӯии рушди минбаъади иқтисод мушкил аст».

Дар мониторинг гуфта мешавад, айни замон ба иллати заъиф гардидани рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, бахусус Чин, ки маънои коҳиши талабот ба ашёи хомро дорад, дар рушди муназзами иқтисоди кишварҳои минтақа мушкилоту монеъаҳо боқӣ мемонанд. Ғайр аз ин, ҳарчанд барқарор шудани иқтисоди кишварҳои минтақа ба мушоҳида расад ҳам, вале он то ҳанӯз касри буҷаи давлатӣ ва афзоиши қарзҳоро бартараф насохтааст. Ва ахиран афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва барзиёд будани пули нақд дар гардиш таваррумро ба мушкилоти асосӣ дар минтақа табдил додааст.

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон 11 млрд. 158 млн. 519 сомонӣ (беш аз 2,3 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,2% зиёдтар аст.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...