Коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ тавассути роҳи оҳан

Date:

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳаҷми умумии боркашонӣ тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 4,7 млн. тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 216 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Зимни нишасти матбуотӣ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов изҳор кард, ки дар ин давра ҳаҷми умумии ҳамлу нақли транзитӣ тавассути роҳи оҳани кишвар 1,9 млн. тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 23,6% ё худ 605 ҳазор тонна камтар аст.Ҳукумов қайд кард, ки яке аз сабабҳои коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ кам шудани боркашонии маҳсулоти тиҷоратии Ӯзбекистон тавассути қаламрави Тоҷикистон мебошад. Умуман соли равон Ӯзбекистон ба андозаи 2 млн. тонна кам кардани ҳамлу нақли маҳсулоти худ тавассути қаламрави Тоҷикистонро ба нақша гирифтааст.

Ба қавли Ҳукумов, дар давраи ҳисоботӣ содироти мол тавассути роҳи оҳан 372 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазор тонна камтар аст. Ҳаҷми воридот тавассути роҳи оҳан беш аз 2,3 млн. тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 395 ҳазор тонна зиёдтар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...