ВКД: Тафтиши парвандаи писари раиси Додгохи Олӣ қатъ шуд

Душанбе 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати писари раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ФарҳодАбдуллоеви 24-сола пас аз хулосаи ташхис қатъ карда шуд. Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъла изҳор кард, ки коршиносон оид ба парвандаи мазкур хулосае пешниҳод намуданд, ки мутобиқи он, «дар ҳолати […]

Аваз Юлдошев

Душанбе 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати писари раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ФарҳодАбдуллоеви 24-сола пас аз хулосаи ташхис қатъ карда шуд.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъла изҳор кард, ки коршиносон оид ба парвандаи мазкур хулосае пешниҳод намуданд, ки мутобиқи он, «дар ҳолати рухдода Ф.Абудуллоев имкон надоштааст, ки саривақт мошини таҳти идорааш бударо манъ созад».

Чанде қабл раиси Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев дар мавриди ин қазия гуфта буд, ки «агар писари ман ҷиноят содир карда бошад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт».

«Ман муддати 34 сол аст, ки дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ фаъолият дорам ва метавонам бигӯям, ки аз содир намудани ҷиноят бинобар беэҳтиётӣ касе эмин нест. Ҳангоми рух додани садамаи нақлиёт писари ман дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор надошт, вале ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки перомуни ин ҳодиса ба касе муроҷиат накардаам ва минбаъд низ ба ин кор ният надорам», – иброз дошта буд раиси Додгоҳи Олӣ.

Ёдрас мекунем, ки писари раиси Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ Фарҳод Абдуллоев ба даст доштан дар ҳодисаи садамаи нақдлиёт, ки боиси марг як нафар шуд, гумонбар дониста мешавад. Дар таърихи 12-уми апрели соли ҷорӣ дар канори шаҳри Душанбе як шаҳрванди Чин зери автомобили тамғаи BMW монда, ба ҳалокат расид. Ин автомашина он замон таҳти идораи Ф.Абдуллоев қарор дошт. Нисбат ба ин амали Ф.Абдуллоев мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.