Коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ тавассути роҳи оҳан

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳаҷми умумии боркашонӣ тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 4,7 млн. тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 216 ҳазор тонна зиёдтар аст. Зимни нишасти матбуотӣ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов изҳор кард, ки дар ин давра ҳаҷми […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳаҷми умумии боркашонӣ тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 4,7 млн. тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 216 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Зимни нишасти матбуотӣ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов изҳор кард, ки дар ин давра ҳаҷми умумии ҳамлу нақли транзитӣ тавассути роҳи оҳани кишвар 1,9 млн. тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 23,6% ё худ 605 ҳазор тонна камтар аст.Ҳукумов қайд кард, ки яке аз сабабҳои коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ кам шудани боркашонии маҳсулоти тиҷоратии Ӯзбекистон тавассути қаламрави Тоҷикистон мебошад. Умуман соли равон Ӯзбекистон ба андозаи 2 млн. тонна кам кардани ҳамлу нақли маҳсулоти худ тавассути қаламрави Тоҷикистонро ба нақша гирифтааст.

Ба қавли Ҳукумов, дар давраи ҳисоботӣ содироти мол тавассути роҳи оҳан 372 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазор тонна камтар аст. Ҳаҷми воридот тавассути роҳи оҳан беш аз 2,3 млн. тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 395 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.