Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази зилзиласанҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, заминларза соати 00:35 ба вақти маҳаллӣ рух дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маркази заминларза, ки дар 280 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе – дар қаламрави Қирғизистон воқеъ буд, қувваи он аз рӯйи ҷадвали 12 балла 6-7 баллро ташкил дод. «Дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 4 балл баробар буд», – гуфтанд дар Маркази зилзиласанҷии кишвар.


